Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир

Имрӯз 1-уми ноябри соли 2019, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ҳадафи чоруми стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмию амалӣ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир” бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва доираи васеи устодону донишҷӯён баргузор гашт.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров конфронсро ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафти устувори иқтисодиву инкишофи нерӯи инсонӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар ин замина бо ҷалби олимону муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар: таърих ва замони муосир” дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ сухан намуда, аз ҷумла кайд намуд, ки бинобар эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ баҳри таҳрезии стратегияи сиёсати саноатикунонии кишвар, ва ба ин васила, ворид шудан ба сафи кишварҳои саноатӣ, истифодаи нерӯи зеҳнии олимон, муҳаққиқон ва коршиносон мувофиқи мақсад аст, ки конференсияи зерин бо эъломияи хеш, баҳри фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии ҳар як шаҳрванд ва ободу зебо намудани Тоҷикистони азизамон саҳми босазо мегузорад

Баъдан, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Қодиров, дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии иқтисодии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдулатиф Раҳимов дар масъалаи “Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов оид ба “Мавқеи саноатикунонии мамлакат дар рушди босуботи кишвар” маърӯза доштанд.


Сипас, иштикдорон доир ба масоили таъмини бозорҳои дохилӣ бо молҳои саноатӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав, афзоиши рақобат байни корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои анъанавӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеии иқтисод, шароити рушди муосири иқтисоди ҷаҳон, инкишофи тамаддуни башар, таҳаввулоти сохторӣ ва таркибӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дагар ҷанбаҳои болозикр табодули афкор намуданд.

Хотирнишон менамоем, ки конференсияи мазкур дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳдар 3 бахш ҷараён гирифта, масоили мубрами саноатикунонии кишвар, аз қабили инкишофи назариявӣ ва методологияи саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назарияҳои иқтисодиёти минтақавӣ ва фазоӣ, хусусият ва нақши институтҳои молиявӣ, минтақаҳои иқтисодӣ, «нуқтаҳои рушд» ва марказҳои иқтисодӣ дар инкишофи индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-баҳисобгирӣ дар саноатикунонии иқтисодиёти кишвар мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ