Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир

Мирсаидов Р.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистончунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мисоли чунин амалҳои зиддиқонунӣ ва ифротӣ фаъолияти Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) маҳсуб меёбад. ДИИШ таърихи пайдоиши худро дорад, ки барои падид омадани он якчанд омилҳо мусоидат кардаанд.

Нақши гурӯҳи “Ал-Қоида таҳти роҳбарии Абу Мусоба аз – Зарқавӣ дар пайдоиши Давлати Исломӣ калон аст. Сараввал гурӯҳи мазкур “Шӯрои муҷоҳидон” ташкил намуд, ки баътар ба он гурӯҳҳои “Ҷайш ат-Тайфа ал-Мансур” (Артиши ҷамоати ғолиб), “Ҷайш аҳлу-с-Сунна ва-л-Ҷамоа” (Артиши аҳли суннат ва ҷамоат), “Ҷайш ул-Фотеҳин” (Артиши ғолибон) ва “Ҷунд-ас-Саҳоба” (Аскари саҳобагон) ва дар маҷмӯъ гурӯҳҳои зиёди радикалии исломӣ ворид шуданд. 15-уми октябри соли 2006 онҳо “Давлати исломии Ироқ” (ДИИ)-ро ташкил доданд. Аввалин сардори сиёсии Давлати исломии Ироқ Абу Умар ал-Бағдодӣ таъйин гашт. Номи аслии ӯ Абдулло Иброҳим ас-Самараӣ аст. 9 апрели соли 2013 ин давлат ба худ номи нав - Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ) - ро гирифт.

Ал–Бағдодӣ сарлашкари ҳарбӣ буда, соҳиби маълумоти олии исломӣ, унвони Доктори ҳуқуқ мебошад, ки ин унвонро дар Донишгоҳи исломии Бағдод гирифтааст. Насабаш гӯё аз қабилаи пайғамбар – қабилаи Қурайшиҳо оғоз мегирад. Ин омилҳо таваҷҷӯҳи насли нави салафиҳо-муҷоҳидонро ба шахсияти Ал-Бағдодӣ сахт ҷалб карданд. Онҳо аз ҷиҳоди сусти Ал-Қоида «дилгир» шуда буданд. Ҷиҳоди хуновартарро мехостанд ба амал бароранд.

5 июли соли 2014 Ал-Бағдодӣ ба сифати Халифа дар тӯли якчанд садсолаи охир ба минбари Масҷиди Бузурги шаҳри Мосул “- ал-Нурӣ, барои амри маъруф кардан ба муносибати Иди Рамазон баромад. Дар ҷавоб аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон миқдори зиёди муҷоҳидон ба Мосул роҳ гирифтанд.

Қаблан номи ин давлат, чи хеле, ки ишора рафт,«Давлати исломии Ироқ» (ДИИ) буд ва он давлат лоиҳаи Конститутсияи худро қабул карда буд, кичунин ном дошт - «Хабардор кардани инсоният дар бораи тавлиди Давлати Исломӣ». Ин давлат мақсад гузошт то қисми Ироқро, ки сунниҳо дар он истиқомат доштанд, забт намояд.

Моҳи апрели соли 2013 ин давлат дар бобати итоат кардан ба роҳбари Ал-Қоида қасам ёд кард ва дар назди худ мақсад гузошт, ки Аморати исломиро дар Лубнон, Сирия ва Ироқ барпо намояд. Вале бо сабаби ҷангҳои байни гурӯҳҳои Ироқӣ ва Сириягӣ, моҳи ноябри соли 2013 роҳбари «Ал-Қоида»/ДИИШ Аз-Завоҳирӣ қарор дод, ки ин давлатро пароканда кунад. То ин дам дар муборизаи байни ду ташкилотҳои исломӣ 1800 муҷоҳидон нобуд гардиданд.

Моҳи феврали соли 2014 сарвари «Ал-Қоида» Аз-Завоҳирӣ эълон кард, ки пайвастагӣ ва робитаи ДИИШ- ро ба ташкилоти худ инкор мекунад. “Аз ин пас «ДИИШ шӯъбаи гурӯҳи «Ал-Қоида” ҳисоб намешавад. Мо бо онҳо ягон робитаеро дастгирӣ намекунем ва барои амалҳои онҳо масъулиятро ба зимма гирифта наметавонем”, - гуфта мешавад дар эълони расмии роҳбарияти “Ал-Қоида”.

Аслан бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои гурӯҳҳои “Ал-Қоида” ва ДИИШ хеле ноустувор ва пур аз нофаҳмиҳо аст. Гарчанде дар байни ин гурӯҳҳо то дараҷае умумият мавҷуд аст, вале зиддиятҳои мафкуравӣ ва стратегӣ, фарқиятҳо дар мақсадҳои ниҳоии онҳо вуҷуд доранд. Ин омилҳо бесарусомониеро маънидод мекунанд, ки дар муносибати байни онҳо ҷой дорад ва хеле ноустувор будани ин муносибатро борҳо дар амал исбот кардааст.

Ба таври умум бояд тазаккур дод, ки омилҳо зикргардида дарку таҳлили раванди пайдошавии ДИИШ-ро мушкил мегардонанд. Вале, мусаллам аст, ки ДИИШ имрӯз, мутаассифона, сохтори бонуфузи террористӣ ва ифротгарои сатҳи байналхалқӣ аст.Ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад ин хавфро сарфи назар намояд.

Маҳз аз тарафи ДИИШ забт карда шудани Мосул, дуюмин шаҳри бузурги Ироқ, дар ибтидои моҳи июни соли 2014, имконият дод, кибарпо карда шудани Халифат дар минтақаҳои шимолӣ ва ғарбии Ироқ ва минтақаҳои шимолу-шарқии Сирия эълон карда шавад. А.Б. ал-Бағдодӣ, ки роҳбари ДИИШ буд, “халиф” эълон карда шуд. Барои барпо карда шудани халифат якчанд омилҳо, аз он ҷумла якчанд вохӯриҳои қаблӣ мусоидат карданд:

Дар моҳҳои феврал-марти соли 2014 дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Қатар якчанд вохӯриҳо дар паси дарҳои пӯшида ташкил карда шуданд, ки барои барпо гардидани Халифат мусоидат карданд.

Яке аз омилҳои ниҳоят ҷиддӣ, ки барои барпошавии Халифат мусоидат намуд, ин муборизаҳои сиёсӣ дар байни давлатҳои минтақа мебошад, ки баъзеи онҳо Халифатро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирии ҷиддӣ кардаанд. Чунин амалҳо бо он сабаб ҷой доштанд, ки ин давлатҳои минтақа барои пурқувватшавии Халифат манфиатдор ҳастанд.

Аслан фоҷеаи вазнинтарини инсоният маҳз дар ҳамин аст, вақте кидавлатҳои минтақа ба таври рӯйпӯшона, барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва мафкуравии худ, чунин як сохтори хунрезро дастгирӣ менамоянд.

Аъзоёни ДИИШ-ро “салафиҳо-муҷоҳидон” меноманд, яъне он қисми салафиҳо, ки мақсадашон ҷиҳоди ислом аст. Ҷиҳоди он исломе, ки онҳо ба таври худ ҳамчун исломи аслӣ арзёбӣ мекунанд. Аҳли салафия аслан миқдоран хеле зиёд ҳастанд ва на ҳамаи онҳо амалҳои мушаххаси аъзоёни ДИИШ, ваҳшониятҳои онҳоро дастгирӣ мекунанд. Салафия аз калимаи арабии “ас-салаф ас-солеҳ” бармеояд, маънояш “пешиниёни порсо/парҳезкор” аст. Онҳо тарафдорони имом Ибн Ҳанбал мебошанд. Ин мазҳаб дар асри IX ташаккул ёфта, дар охири асри XIII - ибтидои асри XIV аз нав эҳё гардидааст.

Салафия — мазҳабе дар ислом аст ва ҳамаи пешвоёни дини мусалмониро сарҷамъ менамояд, ки онҳо дар давраҳои мухталифи таърихи ислом бо даъватҳои худ, дар бобати дастгирии тарзи зиндагонӣ ва эътиқод ба ҷамоаи ибтидоии мусалмонӣ, пешиниёни порсо ва парҳезкор баромад мекарданд. Ва онҳо ҳама гуна навгониҳое, ки дар давраҳои баъдӣ ба ислом ворид карда шудаанд, ҳамчун бидъат маънидод ва тасниф мекунанд. Тарзи асосӣ ва ягонаи ҳалли муаммоҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо дар масъалаҳои гуногуни динӣ ин “баргаштан” ба Қуръон ва суннати Муҳаммад ва ҷустани ҳақиқати мутлақ ва баҳснопазир дар онҳо дониста мешавад.

Моҳияти давлатдории Давлати Исломӣ ҷангҷӯёна аст. ДИИШ сулҳро аслан инкор мекунад, геносидро талаб менамояд. Доктринаи динии ин давлат ба вай имконият намедиҳад, ки заррае ҳам тағйир ёбад, ва, ҳатто барои барпо мондани худ ва зинда мондани мӯътақидонаш то дараҷае бошад ҳам тағйир ёфтанро имконнопазир медонад.

Давлати Исломӣ варианти танҳо ба вай хоси дини мубини Исломро парастиш мекунад ва ақидаҳои вай роҷеъ ба рӯзи Қиёмат бевосита ба стратегияи ин давлат таъсир мерасонанд. Ба таври ҷиддӣ ба назар гирифтани ин нукта имконият медод, ки ин душмани ашаддии инсоният аниқтар шинохта шавад ва амалҳои ояндаи вай пешгӯӣ карда шаванд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки фаҳмиши моҳияти ҷиҳод аз давраи фаъолияти Ал-Қоида (аз соли 1998 тахминан то соли2003) то ба имрӯз ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт ва бисёрии муҷоҳидон нисбати сарварони ҳозираи Ал-Қоида нафрат изҳор мекунанд ва мақсадҳои онҳоро намеписанданд. Бин Лодан терроризмро ҳамчун зинаи ибтидоии Халифат меҳисобид ва умеде надошт, ки дар тӯли ҳаёти худ барпо шудани онро мебинад. Созмони вай тағйирпазир буд ва ҳамчун шабакаи аз миқдори зиёди бахшҳои ба таври мустақил амалкунанда иборат буд, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият мекарданд.Давлати Исломӣ, баръакс, ба марзи муайян талабот дорад, то ин ки ҳамчун созмони расмӣ амал кунад ва идоракунии мутамарказона дорад.

Мутаассифона мақсадҳои Давлати Исломӣ ва он амалҳое, ки ин давлат анҷом медиҳад, хеле ҷиддӣ ҳастанд. Мақсадаш баргардонидани тамоми инсоният ба муҳити қонунии асри VII аст. Дар ин бора намояндагони ин давлат ва тарафдорони он хабар медиҳанд. Онҳо дар бораи дастовардҳои имрӯзаи дунёи мутамаддин бо нафрат сухан меронанд.

Назорат аз болои як марзи муайян ва дар зери тасарруфи худ нигоҳдошта тавонистани он — асоси ҳокимияти ДИИШ дар назари тарафдорони ин давлат аст. Дар он марзҳое, ки дар зери назорати ДИИШ қарор доранд,андоз меситонанд, нархҳои маҳсулотро муайян мекунад, судҳоро ташкил мекунанд ва ба аҳоли хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд -аз тиб оғоз карда то ба телекоммуникатсия.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад. Ва чун дар соли 2017, ки соли ҷавонон эълон гардидааст, бояд гуфт, ки нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калон бошад.

Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷои аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонад.

Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар – Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.

Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъриси манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ