Раёсати илм ва инноватсия: Конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ таҳти унвони «Мавқеи ҷавонон дар рушди илм»

Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар якҷоягӣ бо Раёсати илм ва инноватсия барои ҷалби мутахассисон ва олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тасмим гирифтааст, ки моҳи феврали соли 2019 конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳиро таҳти унвони «Мавқеи ҷавонон дар рушди илм» баргузор намояд.

Барои иштирок дар конференсия мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон аз рӯи талаботи зерин қабул карда мешавад: ҳаҷми аз 5 то 8 саҳифа, шрифти компютерии Times New Roman, Times New Roman Tj (барои мақолаҳои тоҷикӣ), андозаи 14, ҳошия: аз чап 30 мм, аз рост 15 мм, аз боло ва поён 20 мм.

Ному насаби муаллиф, вазифа, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, баъди ду фосила номи мавзӯъ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад.

Мақола бояд дар шакли таҳриршуда пешниҳод гардад!

Мақолаҳои илмӣ бояд то санаи ­­10.01.2019 ба нишонаи зерин ирсол гарданд: sheva-milan89@mail.ru

Он мақолаҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, ба маҷмӯаи маводи конференсия ворид карда намешаванд.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ

Телефон барои маълумот: +992 92 7464688

Маводи конференсия дар шакли китоб нашр мегардад!


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ