Озмуни вилоятӣ: Беҳарин хонандаи китобҳои бадеӣ донишҷӯёни донишгоҳ дониста шуданд!

Даври ниҳоии озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019» бо иштироки фаъолтарин хонандагону донишҷӯёни шаҳру навоҳии вилоят дар арафаи Рӯзи китоб баргузор ва ҷамъаст карда шуд.

Озмунро Шоири халқии Тоҷикистон – Аҳмадҷон Раҳматзод, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор – Шарифзода Мумин Машокир, директори МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ – Баҳроми Раҳматзод, директори МДТ «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» – Набизода Мадина Раҳмат бо раисии шоиру муҳаққиқ – Нуралӣ Нурзод доварӣ карданд.

Аз рӯйи натиҷагириҳо дар бахши донишҷӯён Моҳрӯ Қурбонзода, магистранти соли аввали Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо 50 хол сазовори ҷойи аввал, Зебохон Муллобоева, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик бо 49 хол шоистаи ҷойи дуюм ва Манижа Воситзода, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи руси донишгоҳ бо 48 хол сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Ҳамчунин, Аниса Вайдуллоева, донишҷӯи соли дуюми бахши рӯзноманигории донишгоҳ бо 44 хол дар қатори иштирокчиёни фаъоли озмун мақом гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи низомномаи озмун соҳиби ҷойи аввал 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ, ҷойи сеюм 1000 сомонӣ ва ҳар як иштирокчии фаъоли озмун 500 сомонӣ бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳо қадр хоҳанд гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ