Озмун: Ғолибияти кимиёшиносони ҷавон

Дар факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” байни донишҷуёни соли аввали факултетҳои биология ва химия ва геоэкология озмун гузаронида шуд.

Озмун аз рӯйи шартҳои муаррифӣ, саволу ҷавоб, бозиҳои шавқовар ва намоиши саҳнача ҷараён гирифта, донишҷӯён роҷеъ ба илму фарҳанги шаҳрҳои мадании тоҷикон мубодилаи афкор намуданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон донишҷӯёни факултети биология ва химия ҷои аввалро ба даст оварда, бо ифтихорнома қадр гаштанд.

Дилфузахон Қаюмова, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ