Навидҳои донишгоҳ дар як сатр

Дар кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он, факултети филологияи ӯзбек семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Роҳҳои истифодабари усулҳои фаъоли таълим” баргузор гашт, ки ширкаткунандагон доир ба масоили роҳу методҳои самараноки татбиқи низоми салоҳиятнокӣ ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим табодули андеша намуданд.

Дар кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика семинари илмӣ-методӣ бо фарогирии масъалаи “Минорҳо ва пуркунандаҳои алгебравӣ. Ҷудо кардани муайянкунандаҳо аз рӯи элементҳои сатр ва сутун” доир гашт.

Дар кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика маҳфили илмӣ-методии “Вектор” ҷараён гирифт, ки дар он донишҷӯён роҷеъ ба намудҳои муодилаи матритсавӣ, татбиқи системаи муодилаҳои хаттӣ, роҳҳои ҳалли системаи муодилаҳо бо ёрии матритса мубоҳиса доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ