Музаффарияти волейболбозони донишгоҳ

Дар мусобиқаии волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят донишҷӯёни МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" мақоми аввалро касб намуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни донишҷӯёни 6 муассисаи олии кишвар дар вилояти Суғд, МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ва Академияи №4-уми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар финал дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро шикаст дода, мақоми аввалро сазовор гашт.

Бояд гуфт, ки волейболбозони донишгоҳ ҳамчун ғолиби даври дуюм ба даври ниҳоии мусобиқот роҳхат ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, дар се давр баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ