Мулоқоти ректор бо ширкатварзони Олимпиада

Имрӯз 25-уми апрел, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо ширкатварзони Олимпиадаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни мулоқот, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода изҳори боварӣ намуд, ки донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар олимпиада донишу истеъдони худро истифода намуда, барои сазовор шудан ба зинаҳои ифтихорӣ тамоми маҳорату малакаи худро равона месозанд. Ҳамчунин, ба сардорони факултетҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи донишҷӯён тадбирҳои судмандро андешанд.

Мавриди ба зикр аст, ки 3-4-уми май дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни олии касбӣ аз рӯйи 12 соҳа баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ