Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

28.11.2019 23:01, Ӯзбекистон

28 ноябр дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф, баррасӣ намуданд

Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус миёни пойтахтҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ин зимн татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ ва саноати истеҳсолӣ низ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ