Мухолифини нохалаф

Роҳбари давлат дар ҳар як ҷода халқу ватани азизи худро дастгирӣ намуда бо сиёсати хиратмандонаи худ Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён хуб шиносонидааст.

Аз рузи манъгардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ намояндагони дар хориҷ будаи он ҳар лаҳза мехоҳанд ба сари қудрат бирасанд. Дар ин роҳ онҳо чи бӯҳтонҳое ба сари давлату ҳукумати Тоҷикистон бор накардаанд. Ҳоло ҳам дар расонаҳои интернетӣ ҷанги иттилоотии ТЭТ ҲНИ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ рафта истодааст.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба гуфти ҳаммаслаконаш сиёсатмадоре ҳаст, ки метавон ба ӯ умури давлату ҳукуматро бовар кард. Ҳатто онҳо даъвои онро доранд, ки танҳо ӯ барои равнақу шукуфоии ватани азизамон кушиш ба харҷ медиҳад. Гӯё ӯ аз вактҳои ба мамлакатҳои Аврупо сафар карданаш танҳо мақсади равнақ додани Тоҷикистонро доштааст. Ҳатто тариқи пахшҳои мустақим ӯ ба тоҷикистониён гуфтааст, ки дар солҳои наздик тамоми мақсадҳо ва ӯҳдарориҳояшро анҷом хоҳад дод. Ӯ чунин мешуморад, ки гунаҳкорони ҳақиқӣ ҳукуматдорони Тоҷикистон мебошанд. Бахусус дар ҳар баромади худ номи Сарвари давлатро мехоҳад сиёҳ кунад. Чандин маротиба тӯҳматҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бораи сарвари кишвар асос надоштанаш исбот шуд.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки чи тавр Тоҷикистони мусаффоосмони мо рушду равнақ ёфта истодааст. Аз ҳамин сабаб бадхоҳон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ наметавонанд гулгулшукуфойии давлатро бубинанд. Зеро онҳо шармандавор аз ин кишвар фирор карда буданд. Агар ба гуфти худ Муҳиддин Кабирӣ гуноҳ намедошт, барои чи фирор кард? Акнун имрузҳо дар хориҷи кишвар истода мехоҳад халқи тоҷикро ба тафриқа андозад.

Ҳамоиши ҳарсолаи САҲА барои Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон гуё ба мисли иде аст, ки онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро дар ин ҳамоиши сатҳи олӣ нохалафон ба муқобили давлати худ ва мардуми мо баромадҳо менамоянд. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҳамоиши бонуфуз, ки дар Варшава ба вуқўъ пайваста буд намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда баромад карда буданд.

Онҳо аз номи мардуми Тоҷикистон баромад намуда, ҳақиқати ҳоле, ки имрўз дар Тоҷикистон ҳукмфармост ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баён намуданд. Дар ҳамоиш намояндагони Паймони миллӣ бо роҳбарии Кабирӣ аз хоҷагони хориҷии худ даъват ба амал оварданд, ки онҳоро пуштибонӣ намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Паймони дуздон дар байни зархаридони худ баромад намуда бархе аз шахсиятҳоро зери танқид ва мазаммати сахт қарор додааст. Мухолифин чунин ҳисобидааст, ки аксарияти номзадҳо ба Ҳукумати кишвар маълумоти кофӣ надошта ва бесалоҳият буданд. Дар сомонаҳои хабарӣ нисбати мухолифин малумотҳои аниқ навишта шудааст.

Аз тарафи мухолифин нақшаҳои гуногун дар байни худашон тарҳрезӣ гардидааст, ки дар асоси он Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў барои худ мансабҳои баландро раво дида мехоҳанд, ба ин курсиҳо нишинанд. Вақте ки бархе аз мухолифин соҳиби мансаб гашта буданд дар мансабҳои ишғолкардаашон фаъолият бурда натавониста, истеъфо доданд. Яке аз шахсиятҳо Давлат Усмон буд, ки барои мансаб ҳатто риши худро тарошида соҳиби мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт, ки он дер давом накарда, аз сабаби саводи кофӣ надоштан ва аз ўҳдаи ин вазифа набаромадан онро тарк намуда буд. Ба ин монанд шахсиятҳои дигари собиқ мухолифин низ чунин корнамоиро иҷро карда буданд.

Имрўз тамоми талошҳо ва ҷонбозиҳои собиқ мухолифин танҳо ба хотири халалдор сохтани сулҳи пойдор дар кишвари азизамон буда, гумроҳ кардани мардум бо ҳар гуна роҳҳо, соҳиби мансабҳои баланд гардидан мебошад.

Аминам, ки имрўз кишвари мо давлати солҳои 90-ум нест, балки ба кишвари пойбарҷое табдил ёфтааст, ки ягон қувваи берунаи нохалаф онро халалдор созад ва марзу буми онро рахна намояд. Мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб бо сарвари оқилу хирадмандаш фахр дорад ва он ҷовидона хоҳад буд. Баҳри пешгирӣ нисбати ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷонбозӣ хоҳад кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ