Мо аз нияту ҳадафҳои нопоки шумоён огоҳем!

ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошу вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо шӯҳрат пайдо намуд.

Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таассубро талқин мекарданд, барои ҷиҳоду шаҳодат кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекардаднд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизбе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ дар ҷомеаи мо танҳо ақидаҳои халқият ва миллати бегонаро ҷорӣ кард. Ба ин ҳизб нафароне, ки аз дини ислом дониши пурра надоштанд ва мақсади ин ҳизбро намедонистанд ба фиреби онҳо дучор шуда буданд. Айни ҳол аксари онҳо аз мақсаду ниятҳои ғаразноки ҲНИ огоҳ шуданд. Мардуми тоҷик эҳтиёҷи ин ҳизб надоштанд ва ҳозир ҳам надоранд.

Мо бояд ба тарбиятгарони худ талқин намоем, ки шукронаи даврони соҳибистиқлоли кишвар, шукронаи обу хоки диёр, шукронаи осмони софу беғубор ва ҳҷёти суботкоронаву ободгароёна бошанд. Зиёда аз ин насли ҷавони худогоҳи мо бояд бидонад, ки натиҷаи ҳодисаҳои ваҳшатангези солҳои навадум айни замон дар шакли созмони террористии ба ном “давлати исломӣ” дар сатҳи байналмилалӣ зуҳур намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини ислом ва каломи поки Парвардигор дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳу маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст.

Дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар касб намудани терроризм ва экстремизми динӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

Азимова М.Ҳ. – мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ