Мисли ангуштони як даст бошем!

Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрўю эътибори мо мебошад. Оре, Ватан маконест, ки мо дар он чашм ба дунё кушодем. Сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои хешро дар хоки он гузоштем, аз оби чашмасоронаш нўшидаему аз ҳавои муаттараш нафас кашидаем. Ватан ҷоест, ки бо он мо мефахрему сарфарозиҳо дорем. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст. Баъзе аз ашхосон намехоҳанд, ки давлати мо пеш равад. Онҳо намехоҳанд, ки дар кишвари мо оромӣ ва осудагӣ бошад. Ба ин ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик халал ворид мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурўғро нашр мекунанду

худро ворисони тоҷикони асил мехонанд, ҳеҷгуна асоси илмӣ надошта, онҳо ваҳшиëни чеҳраҳои разили таърих ҳастанд.
Масъалан Иброҳимбек падараш Чақабой ном дошт чақайбой аз ҷамоаи туркии Шарқии Бухоро буд. Абераи ҳамин Чақайбой писари Иброҳимбек Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки аслан тоҷик нест. Ин модарбахато барои нобуд кардани тоҷикони Осиёи миёна камари ҳиммат баста, аз дини мубини ислом барои манфиатҳои худ истифода карда, ин манбаи поку беолоишро ба ақоиди босмачигарӣ олуда сохтааст. Аз чунин мавкеъгариҳо бараъло намудор мешавад, ки ислом ба ин хоинон танҳо як аслиҳае беш нест. Иброҳимбеки турктабор низ аз ислом истифода карда, барои барқарор кардани ҳукумати амири лақай кӯшиш мекард ва аз Анварпошшо –сарлашкари турк пайравӣ менамуд, ки ин гуна мавқеъгариҳои ғайримиллӣ боиси муқовиматҳои мардумӣ мешуд. Шеваҳои кори Муҳидин Кабирӣ низ ҳамчун босмачии замони нав аз ҳамин омил сарчашма мегирад.
Бинобар ҳамин ҳар як шахсе, ки худро фарзанди фарзона, хурандаи ғами фардои Ватан меҳисобад бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рўд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар гулгулшукуфоии давлати воқеии дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем, Бо эътимод гуфта метавонем, ки мо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, Ватанро ободу зебо мегардонем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ