Миллати тоҷик иттиҳод аст!

Таълимоти Имоми Аъзам бар пояи ислом бунёд ёфта, дар он ҷаҳонбинии мазҳабӣ, илмӣ, фалсафӣ ва миллӣ бо ҳам омехта шуда, баробарӣ, адолоати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, таҳаммулпазирӣ на танҳо бо пайравонӣ динҳои дигар, балки бо тамоми башарият пешкаш гардидааст. Ин арзишҳои умумӣ ва бунёдии инсонианд, ки натанҳо ҳуввияти тоҷикӣ, балки ҳуввияти миллии дигар қавму халқҳоро низ дар тӯли таърихи 1300-соли охир ҳифз намуданд ва дар оянда низ имкону қудрат доранд аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Онҳо муҳарикеанд, ки дар шароити феълии ҷомеаи башарӣ метавонанд ба хотири бартарф кардани паҳлӯҳои ихтиловари глобализм ва модернизм нақши зарурӣ ва ногузири худро бозанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити комилан мутазоди таърихӣ ба асри нав ворид гашт, ва ин гузариш ба марҳилаи ҷадиди такомулу дигаргуниҳои бузурги бунёдии илмиву фарҳангӣ ниёзтарҳи наву тозае дорад. Дар оғози ин аср мо ҳамагон шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте шудем, ки аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас тарроҳӣ гардиданд. Ин арзишҳо модернизм, гуногунандешӣ, фардгароӣ ва динро дар бар гирифтанд, ки дар маҷмӯъ якрангу якнаво набуда, бар мазкур аз як тараф боиси пешрафту инкишоф шуда бошанд, аз тарафи дигар рӯйдоду зуҳури шуму ифротгароёнаи глобализмро ба арсаи оламу таърих оварданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо доир ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои дигари Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва агар ба ҳамин минвол ва дар чаҳорчӯби арзишҳои модели муосири байналмилалӣ пеш равад, шояд садсолаҳои дигар низ ҳалли ин муамморо наёбанд.

Миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ, ҷудоишавии мазҳабӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирад, ки ин фалсафаи адами зӯроварии мардуми моро ифода мекунад.

Равшан Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ