Маъруф ба иғвоангезӣ

Мирзои Салимпур аз чеҳраҳои маъруфи иғвоангезу тафриқасоз дар байни мардуми тоҷик аст. Зимни мутолиаи навиштаҳои ин рӯзноманигори хиёнаткор ҳадафҳои пасипардагии ӯро пай бурдан мумкин аст. Иғвоангезӣ зери сарпарастии хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби чунин фарди ватанфурӯш ба ҳадди аъло расонида шудааст. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки мунтазам ба таври пайваста маводҳои шубҳаноки Мирзои Салимпур тавассути шабакаи интернет дастраси мардум, хусусан ҷавонон гардад. Чунин ба назар мерасад, ки агар рӯзе маводҳои бардурӯғи тафриқасоз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси мардум нагардад, он рӯз Мирзои Салимпур бе подош мемонад. Аз ин рӯ, тамоми заҳмату талошҳои ӯ ба ҳангомасозӣ нигаронида шудааст. Аз ҳар вазъият истифода бурдан, аз ҳар фурсат маккорона сӯистифода кардан ба ибораи дигар аз пашша фил сохтан малакаи асосии Салимпурро ташкил медиҳад.

Хушбахтона, мардуми заковатманду бохиради тоҷик аз ин фирефтакориҳои Салимпур омурзидашудаанду аз авомфиребиҳои ӯ ҳаргиз ба моҷароҷӯӣ, хоинӣ, даст нахоҳанд зад.Вобаста ба ин, таклиф ба амал бароварда мешавад, ки Салимпури ватанфурӯш ба амалҳои зишти хеш хотима бахшад. Зеро тири қалби ӯ ҳеҷ гоҳ нишонрас нахоҳад шуд.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ