Мақоми ифтихории волейболбозони донишгоҳ

Аз 5 то 10-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе даври сеюми мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Донишҷӯдухтарони волейболбози Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мусобиқот хуб баромад намуда, соҳиби мақоми сеюм гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри оммавӣ гардонидани навъҳои варзиш роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ