Конференсияи вилоятӣ: Об – маъною мавои зиндагист!

Бо мақсади истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об бо ташаббуси устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 15 – уми марти соли 2019 дар толори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ – назариявӣ бо иштироки мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, олимон, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, мақомоти беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ва маркази санитарию эпидемиологӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оид ба аҳамияти ҳифзи захираҳои об дар рушди устувори ҷомеа маълумот дод. Баъдан, аз ҷониби муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи санитарии МНДСЭ-и вилоят, устодон ва докторантони факултети геоэкология оид ба ҷабҳаҳои гуногуни истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд. Дар музокира устоди ДДҲБСТ дотсент Азимов А., менеҷери барномаи “Об барои деҳот” Тоҷибоева Д. баромад намуда, доир ба хусусиятҳои ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар сатҳи вилоят ибрози андеша карданд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, ҳозирин ба хулосае омаданд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузории чунин конференсияҳо хеле бамаврид буда, мебояд дар оянда чунин чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ