Конференсияи илмӣ-амалии таҷрибаомӯзон

Дар МТҒ “Кавсар” конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи инсон таҳти унвони “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” ташкил ва баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо ибтикори таҷрибаомӯзони соли 5-уми шуъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гашт.

Дар он доир ба мавзӯи “Таърихи эъломияи Куруши Кабир” табодули афкор сурат гирифта, байни хонандагон озмун–викторина, омода намудани кроссвордҳо ва дигар намуди бозиҳои таълимӣ ва машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти идома дошта, гуфта мешавад, ки ин иқдом яке аз самтҳои асоисии тайёр намудани мутахассисони ҳирфаии дар бозори меҳнат рақобатпазир ин баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгорӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ на танҳо омодагии назариявӣ ва амалии донишҷӯён ба фаъолияти мустақилонаи педагогӣ санҷида мешавад, балки дар ин замина, имконоти захираҳои эҷодии минбаъдаи касбии онҳо ғанӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ