​Кирдорҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ

Дар фосилаи на он қадар тӯлонӣТТЭ ҲНИ худро ҳамчун як ниҳоди террористӣ ва тафриқаандоз муаррифӣ карда тавонист. Дар гирдиҳамоии роҳбарони ин ташкилоти экстремиятӣ маълум гардид, ки аз ҷиноятҳои анҷомдодаи Зайд Саидов ва нафарони зархариди хориҷӣ, ки худро ҳамчун пуштибони қонун муаррифи карда истодаанд, даст доштааст. Мо чунин кирдорҳои разилонаи онҳоро, ки Онро Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст ва гӯё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гурӯҳ маҳбусонро талаб кардааст.

Сухан дар бораи озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров меравад. Маъмулан, ин се нафар зиндониён бо қарори додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ латма зананд.

Санадҳои давлату ҳукумат дар замони муосир по бар ҷо ва мустаҳкам аст ва ягон эҳтиёҷ ба таклифу пешниҳодҳои онҳо ҳам нест. Суд медонад, ки ба кӣ чи гуна ҳукмро раво бинад. Хуб шудааст, ки давлату ҳукумати кунунӣ ҷомеаи азизу муқаддаси моро аз чунин инсонҳои хатарнок пок месозаду аз чашми мардум дур месозад. Дар вуҷуди Илҳом Ёқубов ва ду-се аъзоёни боқимондаи ТЭТ ҲНИ ягон ҳисси дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар ободӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тамоман эҳсос намегардад, онҳо танҳо бо идеологияи хориҷиён амал менамоянд. Пешрвии Тоҷикистонро дида натавониста, баръакс мардумро ба гумроҳиву тафриқаандозӣ ҳидоят месозанд.

Ниҳоят, ҳар як амали ғайриқонунии пинҳонкорона ва тафриқаандозии аъзоёни ТЭТ ҲНИ муҳлати худро дорад ва зиндонӣ шудани зиндониён ҳам асоси воқеии худро дорад, ки ба чӣ хотир онҳо вориди зиндон шуданд.

Изҳороти аъзоёни шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ