Хизмати Ватан ҳам фарз асту ҳам суннат

Боиси хушнудӣ ва фараҳ аст, ки шаҳри Исфараи вилояти Суѓд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт иҷро кард. Дар баробари ин ноҳияи Шаҳристон низ ба чунин дастовард ноил гардид. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ барои иҷрои нақшаи тирамоҳии даъват ҷаҳду талош доранд.

Аммо ин комёбиро душманони миллати мо дида наметавонанд. Барои онҳо ҳар хору хас баҳона мешавад, ки лаб ба таънаи мақомоти Тоҷикистон зананд. Дар ин ҷо гап дар бораи маводи дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштани хабарҳои фитнаангези ѓаразноке меравад, ки таҳти унвони «Исфара пилони облаваро чи гуна иҷро кард?» интишор ёфтааст.

Мазмуни ин мавод он аст, ки мардумро мақомот ба гаравгон гирифтаанд, то ки фарзандонашон омада ба сафи артиш хидмат кунанд. Барои аз Россия баргардонидани фарзандонашон ва бахизмат рафтани фарзандон маҷбурӣ раво дида шудааст.

Аммо муаллифи «бебадал»-и ин мавод аз ягон ҷабрдида ном намебарад ва ба умумигўӣ мепардозад. Агар ин гапҳо дуруст бошад, чаро дар мавод наменависад, ки фалониро ному насабаш ин ё онро чунин карданд ва ё чунин монданд. Не аз ягон нафар ном бурда намешавад. Ин худ барало аён аст, ки мавод муѓризона таълиф гаштааст. Аммо номҳои мансабдорону амалдорони Исфара бидуни иштибоҳ пурра оварда мешавад. Аз ин мебарояд, ки маъракаи даъват баҳонае гаштааст, ки нисбати нафароне, ки ѓараз доранд, фикрашонро баён кунанд.

Аслан, агар бигирем, дар солҳои охир ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворух ҷавонон аз хизмати артиш саркашӣ мекарданд. Аммо инро ҳам набояд фаромўш кард, ки хизмати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавон аст. Аз ин ҳангома ва «имиҷи сиёсӣ» сохтан лозим нест.

ТЭТ Наҳзати ислом, ПМТ, Гуруҳи 24 ва дигар думравони онҳо имрўзҳо пешравӣ ва тараққиёти кишварро дидан намехоҳанд. Фарз кардем, ки дар Исфара маъракаи даъват маҷбурӣ гашт. Аммо доир ба ноҳияи Шаҳристон чӣ гуфта метавонанд? Охир, даъватшавандагон аксарият ихтиёрӣ аз комиссия гузаштаанд.

Дар урфият мегўянд, ки хушдомани бад агар баҳонае наёбад, чаро думи саг каҷ гуфта бо келини хона ҷанҷол мекунад. Муаллифи ин мақола ҳам маъракаи даъватро думи каҷи саг пиндошта, ба бадгўӣ гузаштааст.

Дар маросими гусели сарбозон худи ман иштирок доштам ва гувоҳ ҳам ҳастам, ки даъватшудагон рақсу бозӣ ва хурсандӣ доштанд ва ҳаргиз гуфта намешавад, ки онҳо маҷбурӣ даъват карда шудаанд ва ё облава гаштаанд. Магар, каси маҷбурӣ даъватшуда бо тамоми вуҷудаш хурсандона рақсу бозӣ мекунад?

Ҳақиқат он аст, ки сол аз сол сафи ихтиёриён зиёд мегардад. Аммо ин ба душманони миллат намефорад. Заҳри забонашонро мечаконанд, ки ин ё он аст.

Хизмат дар сафи артиш макони обутоби ҷисмонии ҷавонон, мактаби мардонагӣ аст ва хизмат дар он шарафу ифтихор аст. Он маводро касе навиштааст, намехоҳад, ки ҷавонон шарафёбу ифтихорманд бошанд.

Раҳимов И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ