Ҷавонон ҷонибдори сулҳанд!

Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муносибати давлат ба дин аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир карда, ҷиҳати дуруст дарк кардани моҳияти онҳо тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодааст.

Пешвои миллат низ ба ин масъалаҳо диққати махсус дода, гаштаву баргашта таъкид менамоянд, ки ба масъалаи низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар шароити муосир баҳо дода, ба заминаҳои шиддат гирифтани ҷангҳои динӣ-мазҳабӣ мардумро хушдор месозанд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти бардуруғ нашуда, дину мазҳаби худро бо ҳама арзишҳо нигоҳ доранд ва дар доираи санадҳои ба расмият шинохтаи кишвар эътиқоди динии худро воло дониста, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар мамлакат ҳифз намоянд.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Дар замони муосир падидаҳои номатлубе байни ҷавонон пайдо шуда, чун шомилшавӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аст, ки сарчашмаи ҳамаи бадиҳост. Таввасути ин амалҳои ношоиста, онро зиёни зиёде ба оромии хонадони худи ҷомеа мерасонанд. Даҳшатафканиву ваҳшатгароиро байни аҳолӣ бунёд менамояд. Аз номи дини мубини Ислом гурӯҳҳои манфиатдору ғаразноксуханҳои беасос мегӯянду шаккокӣ мекунанд. Мардумро, ба хусус ҷавононро даъват ба амалҳои ифротгароёна менамоянд. Ин хиёнат ба инсоният аст.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон ҳама аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар аслбо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунанд, ба чашми мардум гунаҳкор нишон диҳанд. Чунончи, аъзоёни ҲНИТ бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди ба ном “Давлати исломӣ” ба хуну халаф кашанд.

Лекин ба ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофаронаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, зеро халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта чашида буданд.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ