Ҷараёни имтиҳоноти сессияи тобистона

Имтиҳоноти сессияи тобистонаи донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷараён дорад.

Дар имтиҳони ниҳоии сессияи тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 миқдори умумии имтиҳон мувофиқи факултетҳо 2515 ададро нишон дода, бо шакли тестӣ 1 971 адад, эҷодӣ 237 адад, шифоҳӣ 100 адад ва намуди хаттӣ 207 адад гузаронида мешавад.

Имтиҳоноти сессияи тобистона дар Маркази тестӣ ва факултетҳои донишгоҳ дар 5 баст ба роҳ монда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки имтиҳоноти сессияи тобистона дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” то 22-юми июн идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ