Изҳороти устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми шарифи Тоҷикистонаст, ки ҳамасола Рўзи Дониш бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, барои идомаи соли тахсил бакормандони соҳаи маориф ва толибилмону донишҷўён рўҳу илҳоми тоза мебахшад. Устодону толибилмони муассисаҳои таълимиисатҳи гуногун(томактабӣ, ибтидоӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва ниҳоят олӣ)аз ғамхориву дастгирӣ, раванди корҳои ободониву созандагӣ, рушдинумўъ ва таваҷҷўхуэътибориҳамешагии Пешвои миллат нисбати соҳаи маорифхелефараҳманд буда, кўшиш менамоянд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тарбияи наслисолиму ояндасозрохуб ба роҳ монанд ва дар ин роҳ боистифода азусулҳои муосири таълим ва воситаҳои техникӣ сатҳи дониши хонандагонудонишҷўёнробаланд бардошта бошанд.

Ҷараёни тезутунди ҷахонишавии замони муосир бори дигар аҳли ҷомеа, бахусус кормандони соҳаи маорифро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли ҷавон эътибори чиддӣ зоҳир намоянду бароипурра намудани фазои иттилоотии эшоназ маълумотилозимаву зарурӣ истифода намоянд.Китоб асрҳост ки чун «аниси кунҷи танҳоӣ» хизмат дошт ва манбаи асосии маълумотгирӣмаҳсуб меёфт, вале имрўз бо сабабҳои объективиюсубъективӣ инрисолати худро каме костааст. Маҳз омўзгор аст, ки дар дили кўчаки шогирдонаш«фуруғи субҳи доноӣ»-ро фурузон сохта, ба руи эшон олами пурасрори илмро боз месозад.

Таърих довари ҳақбинаства борҳокитобдору китобхону китобсозбудани миллати тоҷикрособит намуда, бо бузургмардони арсаи илму дониш шўхрати ҷаҳонӣпайдо намудааст.

Бинобар ин омўзгорони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ҳамчун бунёдгузорони хишти аввалини бинои одамият аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўхияи тоза гирифта, минбаъд барои пиёда сохтанисиёсати хирадмандонаву маорифпарварона васозандаву маънавибунёди Пешвои муаззами худҳамарўза талош меварзанд ва барои омода намудани мутахассисони дар ҳақиқатсоҳибкасбуватансозкўшиш ба харҷ медиҳанд.

Қодирова М.А.-муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ