Изҳороти омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Шарипова М.М., Нематова М., Ҳ., Ҷалилова М.Ғ.

ВАО дар ҳаёти ҷамъият нақши муҳим мебозад. Агар пеш аз ҳама рӯзноманигорӣ, яъне рӯзнома танҳо дар шакли маҳсулот чоп карда мешуд, имрӯз, миллионҳо маълумот дар фазои виртуалӣ, яъне Интернет пайдо мешаванд, ки онҳо ба таври васеъ такмил меёбанд ва афзоиш меёбанд.

Аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон Интернетро истифода мебарад, ки аз он бо хабарҳо ҷадид шинос мешаванд. Ҳарчанд ба самаранокӣ ва сифати иттилоот дар шабака кафолат нест, вале имрўз таваҷҷўҳи мардум ба он нигаронида шудааст.

Мавриди қайд аст, ки айни ҳол аксари аҳолӣ аллалхусус ҷавонон такя ба шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, зеро шабакаҳои иҷтимоӣ на ҳама вақт маълумотҳои саҳеҳ пешниҳод менамоянд. Аз ҳамин сабаб дар вақти истифодаи маълумот аз шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил ва санҷида хулосабарорӣ намоянд. Зеро аксари ин шабакаҳо бо иғвоангез байниҷомеа машғуланд ва барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон амалу гуноҳ худдорӣ наменамоянд. Баъзе маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иғвоангез ба назар мерасанд, дар дигар манобеи иттилоотӣ ба назар намерасанд, маълум аст, ки хабарҳо бофтаю сохта ва ҳангомаҳои бардурўғанд. Ҷойи афсўс аст, ки модарони тоҷик дар баробари фарзандони содиќу вафодор, покниҳоду донишманд чунин фарзандони худхоҳу иғвоангезро низ ба дунё овардаву тарбия намудаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ