Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият роҳи хело мушкилро - аз солҳои муташаниҷе, ки ҷанги бародаркушӣ ном гирифт то Ваҳдат, роҳи бисёр мураккаб ва сабақомезро аз сар гузаронед. Ин солҳо ва мушкилиҳо мардуми моро тарбия намуд, қадри Истиқлолият ва Ваҳдатро мо дарк намудем. Солҳои охир, дар қисмати шимоли мамлакаатамон – дар ҳудудҳои сарҳадии вилояти азизамон, муаммои сарҳадӣ ба вуҷуд омад. Ин ҳолат тасодифӣ нест, қувваҳои берунӣ, ки тинҷиву оромии мардумро дида наметовананд, бо мақсади аз ҷиҳати иқтисодиву ҳарбӣ боз ҳам тобеъ намудани Осиёи Марказӣ зўр мезананд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон ва нафақат Ҷумҳурии мо, ҳаммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мисли давлатҳои Шарқи Наздик – Осиёи Пеш, ахолии Африқои Шимолӣ ва Донбас ноором бошад, ҷанг шавад. Онҳо дар ин роҳ, аз ҳамаи имкониятҳои худ васеъ истефода мебаранд.

Имрўзҳо ягона муаммое, ки дар байни мо ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд аст, ин муаммои сарҳад – ҳудудҳои сарҳадӣ мебошад, ки аз давраи Шўравӣ ба мо мерос гузоштааст. Ин муаммо бо роҳи ҷангу ҷанҷол, хунрезиву кушторӣ ҳал намешавад. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат пешгўи менамоянд, танҳо бо роҳи музокира, бо таҳаммулпазирӣ ва роҳи дипломатӣ ҳалли худро ёфтанаш мумкин аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, ин ҳолатро дуруст дарк менамояд. Барои ҳамин ҳам, мо сиёсати Ҳукумати худро оиди ин муаммо, ҳамма тарафа дастгирӣ менамоем. Қувваҳои беруна, ғаразгўёна дар матбуотҳо расмӣ ва норасмӣ, дар шабакаҳои интернетӣ, ба ҷои ба муросо даровардани тарафайн, Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор месозад, ки дар муборизаҳои ахборотӣ «сустӣ» мекунанд. Мардумро аз амалиётҳои ҳарбӣро огоҳ намесозанд, ба болои давлати ҳамсоя дар вақташ «мағзоваро» намечочад ва ғайра.

Бо ин роҳ онҳо даъват менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни ҷанги ахборотӣ хеле фаъол шуда, ба давлати ҳамсоя ҳуҷумҳои ахборотӣ ташкил намояд. Мардуми худро аз амалиётҳои ҷанг бо зуддӣ огоҳ намуда, дар ҷамъият ҷунбушро, нооромиро пайдо созанд. Онҳо мехоҳанд, ки бо ин роҳ мардуме, ки озодона бо зиндагии худ машғул аст, ба ҷангу ҷанҷолҳо ҷалб карда шавад. Ин аст мақсади асосии қувваҳои берунае, ки ба мо «роҳ» нишон медиҳанд. Ин «роҳ»-ро мо дар аввали солҳои Истиқлолият аз сар гузарондем ва имрўзҳо ҳеҷ гоҳ ба он фирефта намешем. Муаммое, ки дар мобайни давлатҳои ҳамсоя ба вуҷуд меояд албатта бо роҳи дипломатӣ ҳалӣ худро меёбад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ