Изҳороти ҷамъияти илмии донишҷўёни факултети филологияи тоҷик

Тамоми ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ ба худ ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ва роҳи муайян барои расидан ба мақсадҳои олии худро дорад. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бошад аз бунёдаш дурӯя буд ва ду ниқобро барои фирефта кардани мардум истифода мебурд.

Таҳдиди ин ташкилот пеш аз ҳама дар он аст, ки наҳзатиён бо ташкилотҳои хеле даҳшатноки имрӯзаи ҷаҳонӣ ба монанди ДИИШ ҳамкорӣ дорад. Наҳзатиён дар кишварҳои ғарбӣ пуштбонҳо дошта аз ҷониби онҳо барои ноором кардани авзои сиёсии давлатҳои мавриди ҳадаф маблағгузорӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳое, ки хоҷагони хориҷиашон дар назди ин гурӯҳҳо гузоштаанд, дар баробари қатлу куштор ин террори фикрӣ намудани ҷомеа мебошад. Яъне мардуми солимфикрро ба як тудаи мутаассиби манқуртшуда табдил додану давлатро дигарбора ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидан мебошад.

Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ба хоҷагони хориҷии худ нишон додани қудрату фаъолияташ дар Аврупо чор гумроҳи пайравашро, ки ҳамагӣ наҳзатӣ буданд, ба чор гуруҳи дигар тақсим карда, бо онҳо як паймони шармандавор бастанд.

Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ