Изҳороти аъзоёни маҳфили "Нерӯи сухан"

Дар ҷаҳони муосир, мутассифона тамоюли афзоиш ва густариши набарди мафкуравӣ, қатъи назар аз муборизаи якҷояву фаъолонаи кишварҳои гуногуни олам алайҳи терроризми байналхалқӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар тамоми қаламрави Шарқи Наздик ва Евросиёи Марказӣ мушоҳида мегардад. Ҳол он ки мардумони солимақлу соҳибмаърифати манотиқи гуногуни дунё барои идомаи ҳаёти насли бани башар, ободонии кишвари худ, офаридани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва иҷрои амалҳои судманду зарурӣ умр ба сар мебаранд, на барои муноқишаву хусумат ва пархошу талошҳои бемаънӣ.

Ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ҳамеша дар суханрониҳои худ ба шаҳрвандони кишвар, ҷавонон ва волидайни онҳо ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиабори гузаштаро ёдрас менамоянд, ки бар асари онҳо даҳҳо ҳазор мардумони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд, муассисаву иншоотҳо харобу валангор гардиданд. Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти мавҷуда, ба маблағи зиёда аз шаш миллиард доллар зарари моддӣ дид, пешрафти мамлакат қариб бист- сӣ сол ба ақиб рафт, ки чунин талафот ва зарар ҳатто дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дида нашуда буд. Оқибати аз ҳама вазнини ҷанги шаҳрвандии бародаркуш бохти ҳаёти зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон, боқӣ мондани 60 ҳазор кӯдакони ятим мебошад.

Бо таассуф бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди 28 сол сипарӣ гаштан аз дастоварди басо муҳим-Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳанӯз баъзе қувваҳо аз хориҷ ва дохили кишвар ба ҳиссиёти одамон, махсусан ҷавонони бетаҷриба таъсири манфӣ расонида, мехоҳанд дар зеҳну мафкураи онҳо андешаҳои номатлубу зараровари диниву маҳалгароиро бедор намоянд.

Мутаассифона,имрӯзҳо низтамоюли хатарнок ва таҳдидкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ афзудан ва густариши фаъолияти ташкилотҳои эктремистӣ мебошад. Дар ин маврид ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки қувваҳои иртиҷоӣ ҳаргиз ба мақсад намерасанд.

Мо, устодон ҳамкории ТЭТ ҲНИ-ро бо созмонҳои террористии Шарқи Наздик маҳкум намуда гуфтанием, ки мақсадҳои нопок ва зиддиинсонии экстремистону террористон ҳеҷ гоҳ амалӣ намегарданд, чунки ғалабаи адолат бар ҷаҳолат, ақл бар ҷаҳл, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ борҳо дар таърих исбот гардидааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ