Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаи муҳимтарини фаъолияти хеш медонад

Масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ пайдо намудааст. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти муҳими тадқиқи илмҳои сиёсӣ мансуб меёбанд. Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Аз ин хотир, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи моҳияту хусусиятҳои ин масъала, зарурати тадқиқ ва таҳлили паҳлӯҳои гуногуни назария ва амалияи амнияти давлатӣ ва таъмини бехатариро дар доираи илмҳои сиёсӣ ва низоми донишҳои дигари гуманитарӣ ба миён меорад. Дарки амиқ ва фаҳмиши васеи масъалаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки раванди ташаккулу рушд ва сатҳи таҳдиди хатарҳои сиёсии Тоҷикистон дар давраҳои дуру наздики ҳаёти сиёсӣ мавриди тадкиқ қарор гиранд. Преступная террористическая группировка под названием “Давлати исломи” с численностью из 20 ти человек 3 ноября пересекла границу Таджикистана Кабадиенский район.

Ҳанӯз ҳам дар байни олимон ва муҳаққиқон чӣ нисбати моҳият ва мазмуни мафҳуми "амният" ва чӣ тамоюлҳои инкишоф ва нақши иҷтимоию сиёсии ин падидаи ҷамъиятӣ гуногунфикрӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаи он, ки амният чист ва сохти он чӣ гуна аст, ақидаҳо гуногунанд. Масалан, як қатор муаллифон мазмуни мафҳуми "амният"-ро васеъ шарҳ дода, амалан онро бо мафҳуми "манфиатҳои миллӣ" монанд мекунанд. Аммо ин мафҳумҳо бо ҳамдигар алоқаи зич дошта, аз бисёр ҷиҳатҳо бо якдигар мувофиқат кунанд ҳам, дар байни онҳо тафовутҳо низ ҳастанд. Аз ин рӯ, таҳлили ин проблема бидуни баррасии масъала оид ба намудҳои амният, ки дар асарҳои бисёр мутахассисон мавқеи махсусро ишғол намудааст, имконнопазир мебошад. Онҳо чунин намудҳои амниятро зикр менамоянд: байналхалқӣ, минтақавӣ, миллӣ (давлатӣ), сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ.

Аз рӯйи иттилооте, ки дар рӯзҳои охир дар бораи амнияти сарҳад оварда шудааст

Аз манбаъибоварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 марзбон ва 1 маъмури милиса ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи кушта шудани маъмури милиса Баҳром Қосимзода ва марзбон Иззатулло Латифов гузориш додаанду бас. Маъбаи Радиои Озодӣ ҳувияти қурбонии шашум дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод"-ро ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, сарбози кушташуда Наимҷон Саидолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст ва рӯзи гузашта дар як маросими хос дафн карда шуд.Исроил Қаландаров, раиси ҷамоати ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҷавони 19-сола ихтиёрӣ ба артиш рафта буд. "Дар баданаш як изи тир буд", -- афзуд ӯ.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" субҳи 6-уми ноябр аз тарафи бист ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, онҳо шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд. 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар дастгир шудаанд. Ҷузъиёти дигар маълум нест.

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, "ҷангҷӯёни ДОИШ аз қаламрави онҳо ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ҳамла накардаанд". Чунин нофаҳмиҳо то ҳол дар даврони истиқлолият мавҷуд буда, барои зиндагии мардум халалдорӣ намуда, намехоҳанд, ки тинҷиву амнияти ҷомеаро бинанд. Моҳиятан истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти берунӣ ва хориҷии он устувор гардидани принсипи зӯроварӣ накардан, пеш аз ҳама, ба бартариятҳои геополитикӣ вобаста мебошанд. Сиёсати давлати мо ба ташаккул додани иқтисодӣ бозории инкишофёфтаи ҷанбаи иҷтимоӣ дошта ҳамчун қисми таркибии иқтисодӣ ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Ба ҳамин тариқ, соҳаи амният фазои иҷтимоию сиёсиест, ки асосҳои бунёдии ҳастии ҷамъиятро фаро мегирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ