Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистони соҳибистиқлол, дар аввал якчанд ҳизби сиёсӣ ба кайд гирифта шуда буданд ва онҳо бояд мувофиқи қонунҳои амалкунанда амал мекарданд. Муттаасифона дар миёни онҳо собиқ ҲНИТ ворид шуда буд, ки роҳбарияти фаъоли он бо маблағгузориҳои “Хоҷагонашон” ба “Мартабаҳо”-и баланд расиданд ва мехостан бо роњи табаддулот њокимиятро ба даст оранд, ки исботи ин, корҳои анҷом додаи Ҳоҷи Ҳалим яке аз аъзоёни фаъоли ҳизби мамнуъшудаи ТЭТ ҲНИ мебошад.

Акнун, пас аз оне, ки сирри онҳо фош шуд ва мардуми сулҳпарвар ва фарҳангдӯсти Тоҷикистон аз корҳои ин хоинони ватанфурӯш огоҳ гаштан ва онҳоро маҳкум намуданд. Аз ин лиҳоз онҳо аз корҳои хоинонаашон ҳаросон шуда ба хориҷи кишвар фирор карданд ва ҳоло ҳам мехоҳанд осудагии Тоҷикистони ваҳдатсарову сулҳпарварро халалдор созанд.

Дар хориҷи кишвар истода ҳамаи пешрафтҳои Тоҷикистони азизро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нодида мегиранд ва мунтазам бо суханҳои беасос ва пучу бемаънии худ мехоҳанд, оромии моро халалдор созанд.

Мусаллам аст, ки дар даврони истиқлолият бо ҳама он камбудиҳо ва ҳукумати фалаҷ гаштаи даврони аввали истиқлолият, пас аз ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пишвои миллат, ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дараҷаи баланд пешравӣ намуд ва ҳоло низ бо сохтани роҳу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ба истифодадиҳии конҳои мухталиф, яке аз давлатҳои рӯ ба тараққии дунё гашт. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо қариб ҳамаи кишварҳои олам ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар дорад.

Бинобар ин, ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҳамаи ин пешравиҳоро нодида гирифта, фаъолияти ватанфурӯшона ва хоинонаи худ идома дода истодаанд, ки мардуми ватандӯст ва бошарафи Тоҷикистон дигар ҳеҷгоҳ ба ин гуна иғвогарии онҳо бовар надоранд.

Чунончи мардуми бо фарҳанг ва ватандӯсти тоҷик ҳамингуна хоинонро гуё, ки аз қадим медонистанд ва ба ин хоинон ин мисраро хитоб карданд:

Ҳазорон корвон рафтанду ҳанузам ин сагон доранд аф-аф,...

Устодони кафедраи алгебра ва геометрия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ