Илм ва амнияти миллӣ

Сиёсатшиносон аз лиҳози истилоҳи сиёсӣ «амният»-ро муродифи калимаи «давлат» ва истилоҳи «давлат»-ро муродифи калимаи «амният» мешиносанд. Давлат чист? Давлат ин машинаест, ки функсияҳои махсуси сиёси-идоракуниро иҷро мекунад ва ё давлат ин апаратест, ки дорои қувваҳои сиёсӣ буда, ба самту нишондодҳои худ қувваи қонунӣ медиҳад.

Аз лиҳози луғавӣ бошад, «давлат»- молу мулк, боигарӣ, сарват буда, «амният»- осоиштагӣ, тинҷӣ, бехавфӣ ва сулҳу суббот мебошад. Яъне, боигарӣ, сарват ва молу мулки халқро сулҳу субот ҳифз менамояд.

Таърихи давлат ва таърихи амният ду мафҳуми вобаста бо ҳам буда, аз лиҳози сиёсӣ якдигарро пурра менамоянд. Яъне, таърихи давлат, ин таърихи амнияти он аст. Ҳамин тавр, давлат дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гардида, аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ арзи вуҷуд мекунад. Муҳтавои амнияти давлат дар Қонуни асосии ҳар як давлат дарҷ мегардад. Аввалин тасаввуроти одамон оид ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронарзиши сиёсӣ ҳамчун «давлат», ин зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар доранд.

Илм чист? Илм- сохторе аст, барои тавлид ва сомондиҳии дониш дар бораи ҷаҳони табиӣ дар қолаҳи тавзеҳҳо ва пешбиниҳои озмоишшуданӣ. Як маънои қадимтарин ва наздик, ки имрузҳо ба кор меравад ҳамин аст. Яъне, илм - соҳаи фаъолияти одамият, ки бо корҳои зерин алоқаманд аст: ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, дараҷабандӣ, таҳлил, паҳн кардан, интиқол ва истифодаи маълумот, сохтан ва ё беҳтар гардонидани назарияҳо ки имконияти дурусти фаҳмонидани гардиши табиатро (илмҳои табиӣ) ва ё ҷамоатро (фанҳои ҷамъиятӣ) медиҳад ва ояндабинии онро имконпазир месозад.

Ҳамзамон истилоҳи «дониш» ва «илм» дар корбурд ва гуфтугӯ дар байни одамон бисёристеъмол буда, ҳамчун синонимии якдигар шинохта мешаванд, аммо ин ду як ҷиз нестанд. Зеро, донишҳо метавонанд рӯзмарра, оммӣ, идеологӣ, эътиқодӣ ва монанди инҳо бошанд, лек илмӣ набошанд.

Вазъи имрӯзаи олам ва минтақаи мо мураккаб буда, бояд сиёсатмадорон, файласуфон ва адибони мо илми замни муосирро барои хизмат намудан ва тараққи намудани ҷаҳони фикриву андешаи миллии ҷавонони мо равона созанд. Масъалаи муҳуми дар ҳаёти инсоният ин таъмини амнияти ӯ мебошад. Агар амнияти шахс таъмин нагардида бошад, ӯ на ба илм сару кор мегирад ва на ба дигарҳо. Бояд дар маркази баҳси донишмандони мо масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният ҳамеша дар мадди аввал истода бошад. Зеро агар ба хотири барпо кардани давлати навини тоҷикон дар солҳои 90-ум чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардани таъмини амнияту суббот дар ҷомеа на камтар аз он заҳмат кашида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки масъалаи таъмини амнияти миллӣ, сирф соҳавӣ ва танҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар як давлат вобаста набуда, ин масъалаи мубрами ҳамон ҷомеа ва давлат мебошад. Таъмини амнияти миллӣ умдатарин масъулият дар назди ҳар як сокини бамон давлат аз хурд то бузург буда, новобаста аз мавқеи сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо мебошад.

Аз нигоҳи илмӣ бояд таъмини амниятро ҳамчун падидаи воқеӣ таҳлил, баррасӣ ва зарурӣ омӯхта амниятро тарзе пешгӯӣ, таҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки тибқи он падидаҳои номатлубе чун «ДОИШ, Салафия, Ҳизбу-т-таҳрир» ва монанди инҳо ба амнияти миллиамон газанде расонида натавонанд.

Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат равона карда шуда, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мегарданд, ин зуҳуроти тасодуфӣ, ноогоҳӣ ва бетартибона нестанд. Ин ҳама зуҳуротҳо дар асоси нақшаҳои муайян тарҳрези кардашуда, аз ҷониби хадамотҳои махсуси давлатҳои манфиатдор бо дасти халқиятҳои ҳамон давлатҳо ба хотири амалӣ намудани андешаҳои щаразноки хеш баҳри дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ кардани ҳамаи он нооромиҳо равона карда мешаванд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷомӣ, бесарусомон намудани як миллат чизи тасодуфӣ ё амалкарди нобаҳангомии ҳамон миллат набуда, ин илм аст. Бо воситаи илм ва омузиши равандҳои ҳама паҳлуҳои ҷаҳони муосир ин барномаҳо тарҳрезӣ карда мешаванд. Нуқтаи дигари қобили эътироф он аст, ки дар давлатҳои абарқудрат зиёда аз садҳо иниституту марказҳо мавҷуд мебошанд, ки кори онҳо танҳо омузиши равандҳои муосир дар ҷаҳон буда, баҳри омӯзиши паҳлуҳои ҳаётии давлатҳои дигар равона карда шудаанд. Ин иниститутҳо ё марказҳо чизе ихтиироъ намекунанд, онҳо танҳо бо илм сару кор гирифта, равандҳои характери ҳар як миллатҳоро меомӯзанд, ки ин ҳам илм аст. Онҳо бо омӯхтани арзишҳои миллии ҳар як халқу миллатҳо дар вақтҳои дахлдор метавонанд, машинаҳои худро ба кор дароранд ва назорат кунанд, ки ин чизи собитшуда мебошад. Меъёрҳои асосии имтиҳоноти ҳақиқати илмӣ - таҷриба дар ҳаёти инсоният мебошад, ки мутаассифона имрӯзҳо новобаста аз мавқеъ ва минтақаи давлатҳо ин чиз таҷриба карда шудааст.

Бояд мо дар муқобили ин ҳама доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, танҳо тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зидди миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба муқоби ин ҳама амалкарди онҳо истодагарии мақсаднок намуда щолиб омада метавонем, ки баҳри ҳамаи ин илм барои мо зарур аст. Омӯзиши ҳаматарафаи ҷабҳаҳои илм баҳри мо дар он зарур аст, ки то мо бо дониш муҷаҳҳаз бошем ва ҳангоми тахрибкории душманонамон тавонем моҳияти чунин щаразҳои тахрибкорон, равандҳо ва қонуниятҳои онҳоро шиносем, зеро агар щаразҳои аъмоли душманро нашиносӣ, наметавонӣ бо чунин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Баҳри шинохти чунин зуҳурот боз барои мо илм зарур аст. Яъен, ин ҳама макру ҳияли душманонро танҳо метавон бо илм шинохт ва баҳри таъмини амнияти ҳар як давлат новобаста аз мавқеъ ва минтақа шинохти илмӣ зарур аст.

Хулоса, ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи махсус набуда, он рангу услубҳои гуногуни хешро тақозо менамояд. Мо наметавонем танҳо бо гурӯҳҳои ҷиноӣ мубориза бурд ва таъмини амнияти хешро дар мубориза бо ин гурӯҳҳо донист. Моро зарур аст донишҳои илмӣ, назариявӣ ва таърихии хешро дар ин роҳ роҳандозӣ намуд, то тавони сифати таъмини амнияти миллии хешро дошта бошем. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ҷавҳари аслии таъмини амнияти миллӣ, ин ҳам боз омӯзиши ҷанбаҳои фарогири ҳама намуди илмҳо мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ