Ҳизбу ҳаракатҳои ифроти хеҷ гоҳ ба мақсад нарасанд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Аз рeи таъкиди Сарвари давлат, ҳамаи вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми кишвар оиди хатари ҳизбу ҳаракатҳои uайриконунӣ ва террозизм масъулияти хешро эҳсос карда, ба ташкили мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу маҳфилҳо ва чопи мақолаҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар васоити ахбор шурӯъ менамоянд, бо ин амали хешдарку фаҳмиш ва амали худ бегнапарастӣ ва оқибати амалхои хизбу харакатхои террористи бо чавонон корхои фахмондадихиро пеши кор намуданд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо Ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ин, пеш аз ҳама ин тарғиби ғояи сулҳу амният дар Тоҷикистон бахисоб меравад. Бо мақсади қувват бахшидан дар ин самт, Ҳукумати мамлакат пайваста чора меандешад ва насли ҷавони кишварро ба ҳамкории зич даъват менамояд.

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустирода ва камсавод, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд. Дар охир гуфтани ҳастем, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ хеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ Тиллобоев Ҳ.И.



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ