Ҳаракатҳои ТЭТ ҲНИ аблаҳист !!!

Таи рузҳои охир тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳаракати ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ боз дасисаи нав, иғвоҳои нави беасоси худро ба оламиён намоиш дода истодаанд, ки на ягон асос дораду на ягон маъно. Кишварҳои дунё кайҳо Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро мешиносанд ва медонанд, ки онҳо хоинони халқу миллати хеш ҳастанд.

Рафтору гуфтори намояндагони ТЭТ ҲНИ собит менамояд, ки онҳо аблаҳанд ва бо рафтору кирдори худ дар љаҳон обруву нуфузе надоранд. Аз ин лиҳоз мо ба шумоён гуфтанием, ки вақти худро беҳуда сарф накунед. Беҳуда сухан нагуед ва маблағ сарфа накунед. Шумоён кўрнамак ҳастед, зеро ҳамаи он дастовардҳое, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои Истиқлолият ба даст овардем танқид карда оромию суботи љомеаро дида наметавонед. Шумоён хоинони Ватан бояд дарк намоед, ки ҳамаи ташвишҳову дасисаҳоятон бебароранд. Беҳтараш аз дасисаҳову иғвоҳои худ даст кашида, ру ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ниҳед.

Ҳамаи он дастовардҳое, ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, эътироф намоед. Дар хориљ истода дар назди бегонагон мамлакати худ, халқи худро мазаммат кардан аблаҳист.

Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ