Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расми

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернети сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифроти ва террористи аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандози ва дасисабозиву ҳангомасози мебошанд.


Сомонаҳои ифротиву террористи кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касби ва тахассусии иѓвоангези маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёси фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдиди фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифроти ва террористи таҳти унвони «Эмомали Раҳмон пинҳони ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳони набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифроти баҳри ҳангомасозиву дасисабози ва тафриќаандози сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу барраси намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳони ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расми анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўѓу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлати дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндаги намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсави Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёси намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ѓайривоќеи истифода баранд ва ѓаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоҳ аст ва шахси дурўѓгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќи мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлони мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расми бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расми Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Саид Салим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ