Густариши робитаи дӯстӣ

Хушбахтона, офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон - фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи сарвари давлати тоҷикон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ, сиёсати сулҳҷӯёна аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирӣ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд, барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон.

Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шумораи ҳарчи бештари давлатҳо ба расмият шиносанд.

Мавқеи устувори хулосагириҳои амиқан асосноки Сардори давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар менамуд.

Дар андешарониҳои Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дипломатияи фарогири манфиатҳои Тоҷикистон, балки минтақавию ҷаҳонӣ хеле хуб эҳсос мешуд.

Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро наздики 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 23 давлати хориҷӣ фаъолият мекунад: - Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Руссия, Ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон Швейтсария, Ҳиндустон, Қатар, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Рушди муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар давоми 15-соли аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ба он ба маблағи 500 млн. евро кӯмак расонидааст. Ҳаҷми умумии кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон, ки дар доираи тадбиқи Стратегияи нав барои 2007-2010 ҷудо шудааст, баробар ба 66 млн. евро мебошад.

Санаи 4-ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариш додани робитаи дӯстӣ дар самти ҳамкории иқтисодӣ ба Швейтсария ташриф оварданд. Дар ин сафар Пешвои Миллат бо раиси шаҳри Берн Алек Фонд Граффенрид, бо Президенти ширкати байналмиллалии “Гленкор” Айван Глазенберг, бо роҳбари бонки миллии Швейтсария Томас Джордан вохӯрӣ ва мулоқот намуданд.Дар баромадашон оид ба робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли озуқаворӣ ва ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти Тоҷикистон сухан ронданд. Инчунин изҳор доштанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 5-минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал мекунад, Тоҷикистон дорои боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои обӣ, минералӣ ва обҳои бегаз мебошад. Қайд намуданд, ки 93% - и Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, минбаъд барои ҳамкории туризм низ мусоидат карда метавонад. Пешвои Миллат инчунин таклиф намуданд, ки дар Тоҷикистон Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон - Швейтсарияро ташкил намуда, соли оянда якумин ҷаласаи онро дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Конфедератсияи Швейтсария ҳамчунин аз шарикони намоёни Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9-декабри соли 1992 барпо шуда, робитаҳои дуҷониба пайваста густариш меёбанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ