Факултети филологияи тоҷик: Дарси кушоди таҷрибаомӯз

15-уми марти соли равон дар МТМУ №6 ба номи А.Рӯдакии шаҳри Хуҷанд дарси кушоди намунавии донишҷӯ-таҷрибаомӯзи бахши сеюми факултети филологияи тоҷики МТД “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” Зебохон Муллобоева, ки ба озмуни донишгоҳии “Таҷрибаомӯзи беҳтарин” пешниҳод гардида буд, гузаронида шуд. Дарс аз фанни забони тоҷикӣ дар мавзӯи “Пайвандакҳои пайвасткунанда дар ҷумлаҳои чидааъзо” буда, бо хонандагони синфи 8 ”А” баргузор гардид. Дар дарси кушод профессор Абдуқодиров А, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Ҳакимова Ш., инчунин дотсентон Камолова М., Аҳмадов М., Пӯлотова Ш., Тоҷибоев Ш., омӯзгор Каримова Д., омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №6, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурова М., омӯзгорони муассиса Ашӯрова А., Баротова С., Қобилшехова М. ва дигарон иштирок доштанд.

Дарси Зебохон Муллобоева бо усули салоҳиятнокӣ гузаронида шуда, тавонист диққати на танҳо хонандагон балки ҳар як иштирокчиёнро низ ба худ ҷалб намояд. Омӯзгор ҳар панҷ лаҳзаи дарсро самаранок истифода бурда, тавонист дар муддати 45 дақиқа 8 усули гуногун ва фаъоли таълимро бо маҳорати баланд иҷро намояд. Пас аз анҷоми дарс, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд.

Бояд қайд кард, ки Муллобоева Зебохон яке аз донишҷӯёни фаъоли факултети филологияи тоҷик маҳсуб ёфта, пайваста дар маҳфилҳои устод профессор Абдуқодиров А., маҳфили “Омӯзгор”, ки аз ҷониби кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик бо роҳбарии мудири он Ҳакимова Ш.И. ташкил карда шудааст, фаъолона иштирок мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ