Факултети забонҳои шарқ: Маҳфили “Баҳори дониш”

Санаи 15 феврали соли 2019 дар толори факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-адабии “Баҳори дониш” баргузор гардид. Дар ин маҳфил асари “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ баррасӣ ва таҳлил карда шуд.

Дар ин маҳфил директори Китобхонаи марказии донишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Д. Самадова, декани факултети забонҳои шарқномзади илмҳои филологӣ, дотсент И.Раҳимов ва дигар устодони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Сипас, донишҷӯён дар мавзӯи “Ҳаёт ва эҷодиёти Ҷалол Икромӣ маърӯзаҳои бисёр ҷолибу пурмӯҳтаво намуданд.

Дар маҳфили “Баҳори дониш”филме аз бойгонӣ, ки Ҷалол Икромӣ дар он сухан кардаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки донишҷӯён бо ин нависандаи бузург ошно гардиданд. Донишҷӯи соли чоруми факултети забонҳои шарқ Зиёвиддин Сатторов оид ба “Метод ва санъати хондан” маърӯзаи ҷолибу шавқовар пешкаши ҳамагон намуд. Баъдан, бахши охирини маҳфил бахши саволу ҷавобро ташкил намуд. Донишҷӯёне, ки ба пуррагӣ китоби “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромиро мутолиа намуда буданд, ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, бо якдигар саволу ҷавоб карда, дониши худро санҷиданд. Аз тарафи устодон барои санҷиши донишу хотираи онҳо саволҳои иловагӣ дода шуд. Методҳои гуногуни пурсиш аз рӯи ин асар ба роҳ монда шуд, ки бозиҳои шавқовар ва сканвордро дарбар гирифт.

Дар фарҷоми маҳфил, хонандаҳои беҳтарин бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ