Факултети санъат: Ҳафтаи забони англисӣ

Санаҳои 3 - 8-уми декабри соли равон дар факултети санъат бахшида ба ҷамъбасти “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳафтаи забони хориҷӣ миёни донишҷўёни курсҳои дуюми факултети мазкур гузаронида шуд. Шартҳои озмун аз навиштани диктант, қироати шеър, хондани суруд ба забони англисӣ, намоиши сахначаҳои ҳаҷвӣ, ва викторина иборат буд.

Санаи 10-уми декабри соли 2018 дар толори факултети санъат маҳфил доир ба ҷамъбасти ҳафтаи забони англисӣ бо иштироки декани факултет, мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷўёни факултет баргузор гардид.

Пас аз сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби донишҷўён суолу ҷавоб ба забони англисӣ дар мавзўи «Зарурати омўзиши забони англисӣ» сурат гирифт. Дар ин бахш тамоми донишҷўён фаъолона ширкат карданд. Сипас, аз ҷониби донишҷўёни курси дуюми ихтисоси китобхонашиносӣ қироати шеър дар мавзўъҳои Ватан, забон донӣ – ҷаҳон донӣ, дўстӣ бо забони хориҷӣ қироат карда шуд. Баъдан викторина дар шаклҳои кроссворд, суолу ҷавоб, ёфтани ребусҳо, чистонҳо гузаронида шуд. Дар ин давр ғолибият насиби дастаи «Host» насиб гашт.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур аз тарафи донишҷӯён хондани сурудҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ ба тамошобинон намоиш дода шуд.

Дар анҷом декани факултет иброз дошт, ки ин иқдоми муаллима шоистаи дастгирист, омўзгорони дигар фанҳо низ метавонанд, чунин чорабиниҳоро вобаста ба машғулияти таълимиашон баргузор созанд. Аз ҷониби декани факултет иштирокчиёни озмун, ғолибони озмуни диктанти беҳтарин, лавҳаи деворӣ бо ифтихорнома ва туҳфа қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ