Факултети педагогӣ: Конфронси ҷамъбастии давраи таҷрибаомўзии донишҷўён

Бахшида ба ҷашни Наврўз дар мактаб – парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд чорабинии ҷамъбастии давраи таҷрибаомўзии донишҷўёни ихтисоси олигофренопедагогикаи факултети педагогӣ таҳти унвони “Муждаи Наврўзӣ” баргузор гардид.

Чорабинии идона аз ҷониби донишҷўёни таҷрибаомўз ва дастпарварони мактаб – интернат омода карда шуд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев А.,роҳбарони таҷрибаомўзӣ – мушовир, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов З.П., роҳбар –педагог, дотсент Раҳмонова Д.З.,директори мактаби ёрирасон Обидова Г.Н., муовинони директор ва кулли омўзгорону шогирдони мактаб иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро таҷрибаомўзон ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз таърихи пайдоиши ҷашни Наврўз ва суннатҳои қадимаи ниёгон маълумотҳои ҷолиб доданд. Сипас, хондани шеъру гулгардониҳои наврўзӣ, намоиши саҳначаҳо ва рақсу сурудҳо манзури тамошобинон гардонида шуд. Аз ҷониби дастпарварони мактаб–интернат намоишномаҳои ҷолиб, аз қабили саҳначаҳои тарбиявӣ, қироати шеърҳои наврўзӣ, рақс, суруд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши сару либоси миллӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ