Факултети геоэкология: Истиқболи Наврӯзи аҷам

Дар арафаи иди қадимаи тоҷикон - Наврӯзи хуҷастапай аҳли ҷомеаи устодон ва донишҷӯёни факултети геоэкология дар саҳни бинои таълимӣ санаи 15.03.2019 ҷашни Наврӯзро ботантана истиқбол намуданд. Дар чорабинӣ ҳамаи устодон ва беш аз 400 нафар донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона фаъолона иштирок намуданд. Муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, профессор Раҳимов А.И. иштирок ва чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба фарорасии Наврӯзи аҷам муборакбод намуд. Аз ҷониби донишҷӯён дар чорабинӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, минтақаи сайёҳӣ, дастурхони Наврӯзӣ ва дигар намудҳои чорабиниҳои идона омода ва ташкил карда шуданд. Дар тантанаи наврӯзӣ озмунҳои “Мир ва маликаи наврӯзӣ”, қироати шеър дар васфи Наврӯз ва бадеҳахонӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён бо ҳисси ифтихормандӣ аз фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, таърихи иди Наврӯз, муҳаббат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ баромадҳои ҷолибро намоиш доданд.

Чорабинии фарҳангии Наврӯзи аҷам дар факултети геоэкология дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ватандорӣ ва арзи эҳтиром ба анъанаҳои аҷдодӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ