Довталабон аз иқтидору дастовардҳои донишгоҳ дидан намуданд!

Бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо барои интихоби касб ва ихтисосҳои замонавӣ дар бинои таълимии №2-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода баромад намуда, қайд кард, ки дар донишгоҳаз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад. Айни замон дар донишгоҳ 904 нафар омӯзгор, аз ҷумла 43 нафар доктори илм, профессор, 351 нафар номзади илм, дотсент, 193 нафар сармуаллим ва 318 нафар муаллим фаъолият доранд. Ҳамчунин, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 20647 нафарро ташкил дода, аз он 10245 нафар (3148 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 10402 нафар (1190 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 874 нафар, аз онҳо 521нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 7 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Дар фароварди суханронии хеш ректори донишгоҳ зикр дошт, ки барои таълиму тадрис ва донишомӯзӣ дар “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тамоми шароит муҳайё гардидааст. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо ба ин махзани илму маориф дохил гашта, дар оянда беҳтарин, варзидатарин ва тавононтарин соҳибихтисос ва мутахассис гардида, дар ободониву созандагӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм арзанда гузошта метавонанд.

Сипса, меҳмонон ва довталабон бо дастовардҳои илмиву инноватсионии 17 факултет бо якҷоягии 77 кафедра шинос гардида, оид ба ихтисос ва самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз донишгоҳҳои куҳантарин ба ҳисоб рафта, дорои 17 факултет ва 77 кафедра мебошад. Раванди таълим аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ тариқи ройгон ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.

Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Маркази иттиллот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ