Донишҷӯён Консепсияи миллии тарбияро муаррифӣ намуданд


Дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби донишҷӯёни бахши дуюм соати тарбиявии намунавии сатҳи донишгоҳӣ дар мавзӯи "Консепсияи миллии тарбия" доир гардид.

Дар он донишҷӯён 18 самти Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мухтасаран муаррифӣ ва оид ба ҳунарҳои миллии тоҷикон сухан карданд.

Дар идома донишҷӯён доир ба яке аз самтҳои муҳими Консепсия - самти зебоипарастӣ, ва ба ин васила, оиди зебоӣ, зебоипарастӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ табодули афкор доштанд. Баён шуд, ки шинохти зебоӣ ба шахс илҳом бахшида, боигарии ахлоқӣ, маънавӣ ва маърифатии миллиро ғанӣ гардонида, барои зебо гузаронидани зиндагӣ заминагузор аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ