Дастоварди варзишгарон дар 5 моҳи соли ҷорӣ

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ, варзишгарони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мусобиқоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Бо иштирок дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд ва Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ варзишгарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 128 медал, аз ҷумла, 50 медали тилло, 41 нуқра ва 37 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд дастаи варзишгарони донишгоҳ аз рӯи 7 намуди варзиш баромад карда, бо гирифтани 41 медали тилло, 19 нуқра ва 23 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб гаштанд.

Дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ беш аз 50 донишҷӯ ширкат варзида, бо ба даст овардани 9 медали тилло, 22 нуқра ва 14 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз зинаҳои ифтихориро касб намуданд.


Ҳамчунин, Кристина Пронженко устоди кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонии факултети тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», узви дастаи олимпии Тоҷикистон, дар чемпионати Осиё-2019 , ки дар Дохаи Дубай бо ширкати варзишгарони 43 давлат баргузор гашт, аз рӯйи намуди варзиши сабук Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Кристина Пронженко бо тай намудани 400 метр дар 54:13 сония ҷойи 7-ум ва 400 метр бо монеаҳо дар 59:16 сония рекорди қаблии Тоҷикистонро, ки 34 сол пеш гузошта шуда буд, нав кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ