Дар ғарибӣ ҳам ёд аз вайронкориҳои худ кардадед оқои Кабирӣ

Берун аз Ватан ва дар орзуи ҷоҳу ҷалол аз вайронкориҳои худ ва ҳаммаслакон ёд кардаву аз мардумозориву мардумро овораю саргардон карданҳо ёд кардан орзуи ҳамешагии шумост ва бидонед, ки дигар ба мақсад нахоҳед расид.

Аз зери нохун чирк кофтан ҳам, аз зумраи орзуҳои деринаи оқои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аст, ки мехоҳанд бо роҳи қазоӣ таҷдирро ба куштору зулму истибдод нишон додан мағзи мардум шӯянд ва ба мақсади нопок ва палидонаи худ бирасанд.

Фаромуш накунед, ки ана ҳамон дар хонаҳо ҷамъ шудан ва нақшаҳои нопоки худро тарҳрезӣ кардани Шумо ва ҳаммаслаконатон буд, ки мардумро овораву саргардон ва ҳалок сохт. Наметавонед, ки сабаб ва натиҷаи мардуми кушташуда, фиребхӯрда ва беватангашта, ки сабабгори он Шумо ва ҳаммаслаконатон будед ба мардум кушода диҳед.

Шумо марги Воҳидоваро пайгири накунед, марги мардуми дар натиҷаи маслиҳатҳое, ки ёдрас шудед пайгирӣ кунед ва дар назди мардум ба гуноҳи худ иқрор шавед. Мардум медонад ва боз дурусттар шуморо шиносаду аз нақшаҳои душманонаи шумо ва дастандаркоронатон огоҳ шуда , аз руи гуфтаи бузургон амал кунад, ки фармудаанд:

Бубандед ба якдигар домано,

Намонед бадхоҳ пироҳано...

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он аз мақсадҳои ин гуна мардуми худпарасту мардумбезор ва ғаддору вайронкор хуб огаҳӣ доранд ва нахоҳанд гузошт, ки ба мақсад расед ва як тори мӯи мардуми Ватанро биканед.

Раиси паймони миллии кадом миллат ҳастед! Бо ҳамон миллат ҳамкорӣ ва бурдбоӣ кунед на бо мо ва Тоҷикистони мо. Мағзшӯӣ ва вайронкорӣ мехоҳед? Хестед, ки хобед!!!


Муаллими кафепдраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Қаюмов С.Р.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ