Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр

Муболиғаю иғвоангезӣ, ҳасудхӯрию хасисии хоинонии миллати тоҷик то бадараҷае расидааст, ки умуман, обдиву осудагӣ, шукуфоиву комёбиҳои Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азизро чашми дидан надоранд. Дар атрофи сафарҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо чунон фантнаҳое ангехта истодаанд, ки гӯшношунид мебошад.

Одамони разилу хасисро ба кирми пилла монанд кардан равост, ки он ёфту тофташро ба гирди худ печонида, оқибат дар даруни он мурда мемонад. Ва амволи дар умри пурташвиш ёфтааш ба дигарон насиб мекунад. Чунон ки чашми хоинони Тоҷикистонро ҳасуд танг кардааст, онҳо ба ҷуз хасисиашон чизи дигарро дида наметавонанду фирору ғарибу беватан ҳастанд. То ба дараҷае, ки мулоқотҳои баландпояи сарвари кишварро бо роҳбарони пешрафтатарин давлатҳои олам, баромаду муҳокимаҳои баландмазмун, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судмандро нодидаву ночиз мегиранд. Аниқтараш, мехоҳанд ба мардум чунин вонамуд созанд. Зеро ин муваффаққияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар арсаи байналмиллалӣ муаррифгари оқилонаи кишвар асту аз ҳар ҷиҳат барои тоҷикистониён манфиатбахш аст, таҳаммул карда наметавонанд.Аз давраи ташкили ҷанги хонумонсӯзу чоҳталаб 27 сол сипарӣ гаштаву ниқоб аз рӯи саркардагони он бардошта шуда бошад ҳам, имрӯз онҳо беқароранд. Бо вуҷуди шармсорӣ, фирорӣ, хоинӣ ватанфурӯшӣразилон дар атрофи Муҳиддин Кабирӣ муттаҳид гашта, аз орзуи деринаи хеш - пора кардани Ватан, ба гирдоби оташу хун оғушта кардани он даст намекашанд.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки оқибат онҳо фирефтаи макру хасисии хеш мегарданд. Зеро мардум аллакай ба хубӣ ҳадафҳои пасипардагии онҳоро дарк кардаанду сиёҳро аз сафед, ҳақиқатро аз дурӯғ, хоинро аз ҷонфидои Ватан моҳирона ҷудо намудаанд. Мақоли «одами бахил гӯри калонро дида, ҳаваси мурдан кардааст» ба хасистинатии хоион комилан мувофиқ аст.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ