Бузургдошти Мавлоно дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмӣ-адабӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад декани факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Исломҷон Раҳимов, директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” номзади илмҳои филологӣ, Баҳром Раҳматов ва дигар устодон ширкат ва доир ба масоили шарҳҳои “Маснавии маънавӣ”, шуҳрату шаҳомати Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар арсаи байналхалқӣ ва ҷанбаҳои меъроси гаронарзиши Мавлоно сухан намуданд.

Сипас донишҷӯёни факултет аз ашъори шоир порчаҳои шеърӣ қироат намуда, саҳначаи тарбиявӣ-ахлоқӣ манзур доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ