Баргузории конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ”

Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд, Рустам Каримзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Акрамшо Саидшоевич, олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қирғизистон устодону олимон, магистрантону аспирантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.

Дар оғоз навгониҳои илмиву техникӣ ва маҳсули касбу ҳунари устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Муовини раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода сухан намуда, ҳозиринро хайрамакдам гуфт ва кайд намуд, ки бори сеюм аст, ки чунин конфронси сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хучанд баргузор мегардад.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Саидшоевич доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму техника таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, оид ба ҳалли муаммоҳои экологӣ ва биологӣ андешаҳои судманди хешро ироа дошт.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба ҳадафи баргузории конференсияи мазкур ҳарф зада, баён кард, ки конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” ба хотири баррасии мушкилоти ташвишовари экологӣ, ҳифзи табиат ва омӯзиши гуногунии масъалаҳои биологӣ роҳандозӣ гардид.

Ҳамчунин, дигар олимони соҳа доир ба муаммоҳои экологӣ ва биологӣ, ҳифз кардани ҳайвонҳои нодир, самаранок истифода бурдани обҳои ширин ва масъалаҳои муҳими экологиву биологии ҷаҳон маърӯза дошта, табодули афкор намуданд.

Конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” бо фарогирии масъалаҳои мубрами экологӣ ва биологӣ бо ширкати олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, устодону олимон ва магистрантону аспирантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 4 бахш идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ