Ба таваҷҷуҳи рӯзноманигорон, устодон ва донишҷӯён

21-22-юми июни соли ҷорӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир” бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷамъияти ӯзбекон, муҳаққиқону донишмандони марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Конфронс 21-уми июн, соати 9:00 дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ифтитоҳ гашта, зербахшҳои он дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараён мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ