Аз ту Рогун иктидори миллат афзун мешавад!.

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солҳои зиёд муайян менамоянд.Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад. Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон тамоми имкониятҳои зарури фароҳам шуда шудаистодааст. Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд карда шуда аст, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодааст, ки нишона аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдатӣ миллии, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имруз ҳар як шаҳрвандонӣ кишвар шукргузорӣ аз истиқлолияти сиёсии ва Пешвоӣ хирадманди худ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз соли 1991 соҳибистиқлол гардид, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад. Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад, ки ин заминаи асосие, ки барои расидан ба мақсадҳои бузурги дар пеш гузоштаамон заминаи асосиро фароҳам меорад.

Эълон гардидани ҳадафи дуюмини Стратеги миллии кишвар, ки дар Паёҳои навбати Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллии, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд.Баъди аз пош хурдани собик Иттиходи Шурави= яке аз мушкилоти асоси барои кишвари мо норасоии неруи барк гардид. Дар даврахои пеш ин мушкилот аз хисоби кишвархои хамсоя халли худро меёфт. Масалан, дар мавсими бахору тобистон Точикистон неруи барзиди барки худро ба хамсояхо дода, дар мавсими тирамоху зимистон аз онхо барк мегирифт. Айни замон, баъди 28-соли сохибистиклолияти Ҷумҳурии Точикистон аз ин мушкилот баромада истодааст. Масъалан: Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даххо неругоххои хурди миёна. Аз ин ру, рохи ягонаи начот аз мушкилоте, ки дар соҳаи энергетики доштем сохтани НБО-и калонтарини Роғун буд аст.Сохтани ин иншооти азими гидроэнергетики= хануз солхои 80-уми асри ХХ огоз гардида буд. Аммо парокандашавии собик Иттиходи Шуравӣ ва чанги дохилии Точикистон имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба охир расад.

Маҳз бо дастгирию пайваста талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллии, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик мебошад. Имруз он меҳнату машақатҳои мардуми тоҷик меваи шаҳдбори худро додаистодааст, ки дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Ба кор даровардани агрегати якуми НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Дар маҷмӯъ, бунёди НБО Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, агрегати дуюмини он санаи 9 сентябри соли 2019 ба кор андохта шуд, ки туҳфаи беҳтарини сарварии давлат барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни бузурги истиқлолият мебошад.

Муаллимикафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ Рузиев С.Т

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ