​Хоинони миллат ба мақсад намерасанд

Шунидани хабари ҳамлаи ҷангиёни ДИИШ-ро ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» воқеан бароям дилхарош буд. Ин ҳодиса бори дигар дуруст будани гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро собит мекунад, ки террористон ватан ва сарҳад надоранд.

Бино бар маълумоти паҳншуда аз 20 нафар ҷангиён ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро шабона гузашта, санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳамла мекунанд. Дар натиҷа 15 нафар ҷинояткорон маҳв карда шуда, 5 нафари дигар боздошт мегарданд. Сарҳадбони тоҷик ва як корманди милитсия дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Бино бар хабарҳои паҳншуда ин бист нафар аъзои ДИИШ будаанд.

Магар сарҳадро ғайриқонунӣ убур кардан, тир кушодан ба сарҳадчиёнро таълимоти ислом раво медорад? Ҳаргиз чунин нест. Баракс ислом дўстӣ, сулҳ, осоиштагиро тарғибу ташвиқ мекунад. Аммо раҳгумзадагон, ки аз исломи воқеӣ хабардор нестанд, ба фитна гирифтор шуда, ба даст яроқ гирифтаанд ва бар зидди мусалмони дигар мубориза мебаранд. Дар дили онҳо Худо нест, балки дар синаҳояшон буте аст, ки онро ғаразхоҳону манфиатҷуён ба шакли ислом дароварда ҷой кардаанд.

Бут дар бағалу ба саҷда пешонии мо,

Кофир зада ханда бар мусалмонии мо. – гуфтаи шоир нисбати чунин мусалмонони раҳгумзада аст.

Ин як бори дигар хушдор аз он медиҳад, ки ҷангиёни ДОИШ, ки баъди саркўб гаштанашон дар Сурияву Ироқ ба атрофи олам паҳн гаштаанд ва аксарияти онҳо дар Афғонистон қарор доранд, тақдири Абўбакри Бағдодӣ – сарвари дурўғинашон барояшон сабақ нагаштааст. Оқибати тундгароӣ марги муфоҷот аст.

Мусалмонӣ ҳаргиз куштор нест, террор нест, тундгароӣ, мусалмонкушӣ нест. Он коре, ки террористон кардаанд, амали шайтонӣ аст ва шайтонӣ гумроҳӣ ва роҳ ба дўзах мебошад.

И.Раҳимов.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ