​Дарси Ваҳдат

Бо иқдоми шуъбаи тарбияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамкорӣ бо Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дарси Ваҳдат ҷараён гирифт.

Устодони соҳибтаҷриба бо донишҷӯён мулоқот намуда, оид ба вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, муборизаи қувваҳои солим барои сулҳ, ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат фикру андешаҳои судманди хешро арз доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур баҳри тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, донишандӯзии бошуурона ва омодагии касбии ҳамаҷонибаву масъулиятнокии донишҷӯён роҳандозӣ гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ