​Изҳороти устодони факултети санъат

Халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои мутаммадин ба ҳисоб рафта, дар дарозои таърих дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ саҳми муносиб гузошта, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузаронидаанд. Тўли чанд қарн ба рағми аҷнабиён, ки инқирози маънавию нажодии тоҷиконро ҳадафи хеш қарор дода буданд, ин миллати хирадпарвар ҳаргиз ба ягон кишваре дасти таҷовуз дароз накардаву нияти бад накардааст.

Аз ибтидои асри XXI оғоз карда инсоният бо хатари ҷиддӣ- терроризми байналмилалӣ рў ба рў гаштааст. Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада дар Тоҷикистони мо низ хавфу хатар эҷод намуд. Ҳарчанд зуҳуроти номатлуб будани терроризм ва ифротгароӣ ҳисобида шудани он мукарраран тариқи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд баён гардидааст, вале бо ҳам ҷавонони гумроҳ ба ин равияҳо ҷалб гашта истодаанд.

Дарвоқеъ бори якум нест, ки аъзоёни Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ-ро дар ҷаласаи САҲА роҳ медиҳанд. Ин амали такрорӣ ва нодурусти САҲА мебошад. Аммо бояд як нуктаро инҷо таҳлил намуд, ки САҲА аз ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳад? Ё Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо иваз намудани симои зоҳирии худ яъне, Паймони миллии Тоҷикистон ва ширкат намуданаш дар ин ҷаласа чӣ манфиат мебардорад? Дар ин маврид даҳҳо саволҳои дигарро метавон пешниҳод сохт аммо, бояд донист, ки дар қафои андешаҳо ва амалҳои пасипардагии Муҳиддин Кабириву Алим Шерзамон, Шарофиддин Гадоеву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чанд тан роҳгумзадагони дигар кишварҳои хориҷии манфиатдор ва инсонҳои зархарид истодаанд. Имрӯз мардум лаънат мефиристад ба ҳар амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони ватан. Бо асноди дақиқ амалҳои паст ва оқибатҳои нохуши ҲНИ, ки иборат аз таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, кўшиши тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динї ошкор карда шудааст.

Сарвари давлат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олї тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Он тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ